|
Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15 июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд чашм ба олам кушодааст. Падару мадараш деҳқонони одӣ буданд. Мактаби миёнаро дар ҳамин шаҳр тамом карда, соли 1972 донишҷӯи бахши арабии факултаи Ховаршиносии ДДТ гашт. Пас аз хатми донишгоҳ соли 1977, ба ҳайси инжинер-методист дар Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография машғули кор буд. Соли 1981 ба рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” ҳамчун мухбири махсус ба кор даъват шуд. Аз 1983 то 1986 ба сифати тарҷумони ҳарбӣ дар Либия хидмати ҳарбиро адо намуд. Пас аз бозгашт ба ватан боз дар идораи рӯзномаи мазкур, ки ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” табдили ном карда буд, корро идома дод. Аз соли 1987 то 1993 ҳамчун мудири насрӣ маҷаллаи “Садои Шарқ ” машғули кор буд. Пас аз воқеаҳои машҳур ба зодгоҳ баргашт. Он ҷо сардабири рӯзномаи “Самандар” ва маҷаллаи “Дайри муғон” буд. Соли 1997 барои қиссаи “Заринаи Зарнигор” барандаи ҷоизаи устод Айнӣ дониста шуд. Соли 2003 ба Душанбе баргашт. Ҳоло машғули кори эҷодист.
Маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номҳои “Ишқи сайёд” /1984/, ”Аспи обӣ” /1988/, “Дуди ҳасрат” /1994/ манзури хонандагон гаштанд. Бо номи “Сармаддеҳ” соли 2002 романе ба чоп расонд. Маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номи “Песнь идущего в петлю” ба забони русӣ чоп шудааст. Соли 1995 дар Маскав журнали “Согласие” /№1 / 9 ҳикояи ӯро бо пешгуфтори Темур Зулфиқоров манзури хонандагон намуд. Ҳоло романе бо номи “Шоҳаҳшоҳ” ба итмом расонидааст, ки дар дасти чоп аст. Қиссаву ҳикояҳояш ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудаанд.
Узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1987.
|